Паёми Сарвари давлат Қосим-Жомарт Тоқаев ба мардуми Қазоқистон «Қазоқистони адолатпарвар: қонун ва тартибот, рушди иқтисод, хушбинии умумӣ»

Паёми Сарвари давлат Қосим-Жомарт Тоқаев  ба мардуми Қазоқистон «Қазоқистони адолатпарвар: қонун ва тартибот, рушди иқтисод, хушбинии умумӣ»

Паёми Сарвари давлат Қосим-Жомарт Тоқаев

ба мардуми Қазоқистон «Қазоқистони адолатпарвар: қонун ва тартибот, рушди иқтисод, хушбинии умумӣ»

 

Муҳтарам вакилони мардумӣ!

Ҳамагонро бо ифтитоҳи иҷлосияи навбатӣ табрик гуфта, дар фаъолиятатон ба нафъи кишвар барору комёбиҳо таманно дорам!

Дар иҷлосияи гузашта кори бисёре анҷом дода шуд. 102 қонун, аз ҷумла қонунҳо дар бораи назорати ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, сиёсати илмию техникӣ, гармию энергетикӣ ва ғайра қабул карда шуданд.

Ба масъалаҳои иҷтимоӣ, хусусан ба ҳифзи кӯдакон таваҷҷуҳи вежа равона мешавад. Қонун кабул карда шуд, ки аз ҳисоби Хазинаи миллӣ ба кӯдакон ҷудо кардани маблағро пешбинӣ мекунад. Барои ба қиморбозӣ ҷалб кардани ноболиғон ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ шудааст. Ҷазо барои ҳама гуна зӯроварӣ нисбати ноболиғон сахттар шудааст. Қонун дар бораи таъмини амнияти кӯдакон, пешгирӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои зидди занону кӯдакон эътибор пайдо кард.

Пӯшида нест, ки ҳоло бисёр шаҳрвандон якчанд қарз доранд. Ин мушкили ниҳоят мубрам аст, ки бе муболиға барои ҷомеаи мо хавф дорад. Аз ин рӯ, дар ин самт қонунҳои вежа низ қабул шудаанд.

Умуман, барои болобарии дараҷаи некуаҳволии мардум бисёр тадбирҳои системавӣ андешида шуданд. Шумо дар ин кор бевосита иштирок ва пайваста бо шаҳрвандон робитаи мустақим доштед. Ҳамаи ин, албатта, дар татбиқи консепсияи «давлати шунаво» саҳми муҳим мегузорад.

Ман барои кори пурсамаратон миннатдорӣ изҳор мекунам. Вале мо бо он чизе, ки ба даст овардаем, қаноатманд шуда наметавонем — ҳанӯз кори бисёре дар пеш аст.

Мардуми Қазоқистон имрӯз дар як воқеияти куллан нави сиёсӣ зиндагӣ мекунад. Дар давоми панҷ соли охир ислоҳоти бузурге ба амал бароварда шуд, низоми сиёсӣ дигаргунии куллиро паси сар кард. Дар шуури ҷамъиятӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада, сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон баланд шуда, дар ҷомеа моделҳои нави рафтор ташаккул ёфтаву арзишҳои нав ҷой гирифта истодаанд. Таҷдиди ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, тафаккур ва рамзи фарҳангии миллат оғоз ёфт. Хулоса, бунёди Қазокистони адолатпарвар давом дорад ва ин чиз махсусан муҳим аст, ки ҳамаи ин ба орзую умеди мардум комилан мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ, мо минбаъд ҳам роҳи стратегии худро устуворона пеш мегирем ва аз роҳи пешбинишуда дур намешавем. Имрӯз мо нақшаҳои худро муфассал баррасӣ карда, мақсадҳоямонро муайян мекунем.

Дар шароити шиддат ёфтани муқовимати геополитикӣ Қазоқистон мавқеъи роҳи сулҳомез ва таҳаввулро устуворона риоя мекунад.

Мо самти нави рушдро муайян кардем, ки ба танаввуъбахшии иқтисод такони нав мебахшад. Сатҳи таваррум суст шуда, нисбат ба сатҳи баландтарини соли гузашта 2,5 маротиба коҳиш ёфт. Захираи байналмилалии кишвар аз 100 миллиард доллар гузашт. Зарур аст, ки суръатро суст накунем. Захираи ба вуҷудомадаро самаранок истифода бурда, давраи нави сармоягузориро ба роҳ мондан лозим аст.

Ҳукумат ва ҳокимон бояд ба масъалаи тағйир додани сохтори иқтисод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, механизмҳои нави таъмини пешрафти устувори кишварро фароҳам оваранд. Мақсади асосӣ болобарии сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон мебошад. Бо ташкили дурусти кор ин комилан имконпазир аст.

Афзоиши иқтисодӣ бояд бо камшавии нобаробарии иҷтимоӣ ва пурзӯр шудани синфи миёна ҳамроҳ шавад. Мо танҳо бо ҳамин иқтидори давлати худро мустаҳкам карда метавонем. Барои ин дар ҳама гуна тиҷорат меъёри асосӣ бояд самаранокӣ бошад. Ҳар як қарор, ҳар як лоиҳа бояд аз рӯи нафъи он ба давлат баррасӣ шавад.

Акнун биёед ба самтҳои мушаххаси кори дарпешистода мегузарем.

ЯКУМ. Нобаробарӣ миёни сиёсати пулию қарзӣ ва физкалӣ бояд бартараф карда шавад.

Бояд иқрор шуд, ки қарздиҳӣ ба бахши воқеӣ ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ нест. Масъалаи бо маблағи кофӣ таъмин намудани соҳибкории хурду миёна низ ҳал нашудааст. Ин ба фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар, устуворӣ ва пешрафти босуръати иқтисод таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, Ҳукумат ва Бонки Миллӣ бояд якҷо роҳи ҳалли беҳини ин мушкилро таҳия кунанд. Бонкҳоро ба маблағгузории бештар ба иқтисодиёт ҳавасманд кардан лозим аст.

Коршиносони байналмилалӣ бонкҳои Қазоқистонро яке аз кишварҳои аз ҷиҳати манобеъ бойтарину даромаднок арзёбӣ мекунанд. Бинобар ин сухан дар бораи андозбандии одилонаи ин бахш низ меравад. Андозҳое, ки бонкҳо месупоранд, бояд бо дивидендҳое, ки саҳмдорони онҳо мегиранд, мутаносиб бошанд. Ин бархӯрд махсусан дар пасманзари кӯмакҳои ҳукумат ба бонкҳо мантиқӣ ба назар мерасад. Ҳамчунин фароҳам овардани фазои устувори меъёрӣ барои муомилоти дороиҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани бехатари инноватсияҳо дар бахши бонкӣ муҳим аст.

Ба мо қонуни нав дар бораи бонкҳо лозим аст, ки ба мушкилоти кунунии ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисодӣ ва рушди минбаъдаи динамикии бахши финтех ҷавобгӯ бошад. Қонуни ҷорӣ қариб 30 сол аст, ки амал мекунад ва он дар воқеияти тамоман дигар қабул шудааст.

Бояд рӯирост гуфт, ки дар кори Ҳукуматҳои пештара ва ҳозира иҷро нашудани қисми даромади буҷети ҷумҳурӣ як иштибоҳи калоне буд. Ғайри қобили қабул аст, ки ин мушкилот системавӣ шуда, ба рушди кишвар монеъ шавад. Ҳукуматро зарур аст, ки якҷо бо Бонки миллӣ барои истифодаи самараноки маблағҳои буҷет, маҳдудсозӣ ва назорати қатъии хароҷот чораҳои муассир андешад.

Зиндагӣ дар доираи имконоти худ ягона роҳҳал барои суботи молияи давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ, бояд аз хароҷоти зиёдатӣ барои вазифаҳое, ки табиатан афзалиятнок ва стратегӣ нестанд, пешгирӣ карда шавад.

Дар муносибатҳои байнибуҷавӣ тартиботро барқарор кардан лозим аст. Тасмими дар минтақаҳо мондани даромадҳои андоз аз соҳибкории хурду миёна дуруст ва саривақтӣ буд. Он ба рушди соҳибкорӣ такони ҷиддӣ бахшида, мустақилияти ҳокимонро афзун намуд. Аммо баъзе роҳбарони вилоят манбаи даромади иловагӣ гирифта, онро бесамар истифода бурда, ба давлат нафъи амалӣ наоварда, дар иҷрои супоришу лоиҳаҳои дуюмдараҷа истифода мебаранд. Барои дарёфти манбаъҳои пӯшонидани касри буҷет Ҳукумат бояд механизмҳои оқилонаи ҷубронпулиро таҳия намояд.

Дар бобати нақши Хазинаи миллӣ  алоҳида сухан мегӯям. Маблағҳои Хазинаи миллӣ бояд пеш аз ҳама ба манфиатҳои давлатамон хизмат карда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ истифода шаванд, на ба муассисаҳои молиявии хориҷӣ хидмат расонанд. Хазинаи миллӣ воситаи муҳимтарини таъмини суботи дарозмуддати макроиқтисодӣ мебошад, аз ин рӯ онро бояд самаранок идора кард.

Равшан аст, ки барои таъмини рушди пӯёи иқтисод танҳо маблағи давлат кифоя нест. Барои беҳсозии фаъолияти соҳибкорӣ тавассути ҷалби сармояи хусусӣ ба иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст. Барои ин, пеш аз ҳама, сиёсати устувори андоз зарур аст, ки рушди босифат ва рафтори масъулиятноки соҳибкоронро ҳавасманд мекунад.

Кодекси нави андоз барои бозсозии низоми мавҷуда пешбинӣ шудааст. Кодекс бояд ба бунёди маъмурияти моҳиятан нави андоз дар асоси эътимод ба андозсупорандагон нигаронида шавад. Барои аз байн бурдани имкони тафсири гуногуни қоидаҳо, содда кардани Кодекс ва ба ҳамаи шаҳрвандони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол фаҳмонда додани нуктаҳои он ниҳоят муҳим аст.

Шароити мусоид барои соҳибкоронро бад накарда, низомҳои андозро беҳсозӣ кардан лозим аст. Як мисоли он ҷорӣ намудани андози чакана мебошад. Соҳибкорӣ ба ин меъёр бовар карда, аз соя берун шудан гирифт ва парокандагӣ коҳиш ёфт. Аммо соҳибкороне, ки пеш аз ҳама бо мардум кор мекунанд, бояд зери ин низом қарор гиранд.

Пурра ба кор андохтани иқтидори хизмати маишӣ ва савдо метавонад аз ҷиҳати болоравии иқтисод, афзоиши даромади андоз ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ самараи зарурии зудтар ба даст оварад.

Барои ноил шудан ба муваффақияти ислоҳоти буҷетӣ бояд рақамисозии куллии маъмурият анҷом дода шавад. Барои кам кардани хатарҳои коррупсионӣ ва таъмини шаффофият ба интиқоли равандҳои андоз ба формати электронӣ бояд суръат бахшида шавад. Ба мақсад мувофиқ аст, ки тамоми сиёсати андозро ба шароити тағйирёбандаи молиявӣ, аз ҷумла таҷдиди назар ба меъёрҳои андоз мутобиқ созанд.

Зарур аст, ки нархҳои мутафовити андоз аз даромади шахсӣ муқаррар карда шаванд.

Аз муносибати ҷазодиҳӣ ба маъмурияти андоз низ даст мебояд кашид. Ман зиёд кардани ҳадди қарзи андозро имконпазир мешуморам, ки дар он огоҳиномаҳо бидуни истифодаи ситонидани маҷбурӣ фиристода мешаванд. Дар сурати гузаштани ҳадди ниҳоии қарзи андоз, маҳдудиятҳо бояд танҳо ба андозаи қарз ҷорӣ карда шаванд, яъне тамоми суратҳисоби бонкӣ баста намешавад. Дар сурати мавҷуд будани қарзи калони андоз, пардохти қисмҳо бояд бидуни гарав таъмин карда шавад. Мо бояд саъй кунем, ки санҷишҳои андозро тибқи нақша комилан барҳам диҳем. Барои ноил шудан ба ин, низоми идоракунии хавфҳо бояд такмил дода шавад.

Болобарии самаранокии имтиёзҳои андоз вазифаи таъхирнопазир гардидааст. Ҳисоботи андоз бояд барои ҳама имтиёзҳо пешниҳод карда шавад. Мо бояд онҳоеро нигоҳ дорем, ки воқеан тиҷоратро ҳавасманд мекунанд. Масалан, ба сармоягузороне имтиёз додан мумкин аст, ки ба рушди истеҳсолот нигаронида шудаанд. Сухан дар бораи касри якдафъаина барои сохтмон, ба даст овардан, навсозӣ, таҷдиди дороиҳо меравад. Барои содиркунандагони маҳсулоти дорои арзиши иловашуда имтиёзҳо фароҳам овардан муҳим аст, ки онҳо бояд аз ҳама гуна тиҷорат бештар дастгирӣ ёбанд.

Дар доираи баррасии лоиҳаи Кодекси нави андоз супориш медиҳам, ки дар Ҳукумат ва Парлумон муҳокимаи ҳамаҷониба гузаронида шавад. Бояд роҳҳалли мураккаб, вале зарурӣ бояд ёфт шавад. Шитобкорӣ дар ин масъала қобили қабул нест. Аз ин рӯ, ман чунин мешуморам, ки қабули Кодекси нав ба соли оянда ба таъхир гузошта шавад, то ин қонун дар сатҳи баланд омода гардад.

Вазъи молиявиро инчунин идомаи ҳиссаи баланди иқтисоди соягӣ бадтар мекунад. Барои хеле кам кардани он маҷмуи тадбирҳои андешидашуда қабул карда шаванд. Аз ҷумла, зарур аст, ки тамоми корҳо дар постгоҳҳои гумрукии сарҳадӣ дар як муддати кӯтоҳ анҷом дода шуда, инчунин пешгирӣ аз «резиши» ғайриқонунии даромадҳо аз амалиёти тиҷорати хориҷӣ ба дигар тобеиятҳо гирифта шавад.

ДУЮМ. Барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шароити соҳибкорӣ пайваста кор кардан муҳим аст.

Дар шароити рақобати шадиди байналмилалӣ барои сармоягузорӣ зарурати аввалиндараҷа қабули қарорҳо оид ба ҷалби сармоя дар реҷаи “дар ин ҷо ва ҳоло” мебошад. Аз ин рӯ, ба Ситоди сармоягузории назди Ҳукумат ваколатҳои бузург дода шуд. Ин имкон дод, ки татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили коркарди амиқи металл, нафту газ ва кимиёи ангишт, сайёҳӣ, энергетика, мошинсозӣ суръат бахшад.

Корро дар ин самт пурзӯр кардан лозим аст, то ба коҳиши ҳаҷми сармоягузории мустақим ба иқтисод роҳ надиҳад. Бояд қайд намоям, ки на ҳама ҳокиму вазирон ба раванди ҷалби сармоягузорон дуруст шомил шудаанд. Ҳукумат вазифадор аст, ки ба ин кор ислоҳҳо дарорад.

Бояд ба омодасозии беҳтари лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо иштироки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба Ҳукумат супориш медиҳам, ки як ҳавзаи лоиҳаҳои калонмиқёси калидиро муайян кунад, ки метавонанд аз ҷониби созмонҳои байналмилалии молиявӣ тавассути механизми ҳамкориҳои бахшҳои давлативу хусусӣ маблағгузорӣ шаванд.

Моҳи майи соли ҷорӣ ман фармони “Дар бораи тадбирҳои либерализатсияи иқтисод” имзо кардам. Муқаррароти ин ҳуҷҷат бояд ба таври қатъӣ иҷро карда шаванд.

Саҳми иштироки бевоситаи давлат дар иқтисодиёт дар сатҳи баланд мемонад, ки ин баробарии шароити бозорро вайрон карда, ташаббуси хусусиро пахш мекунад.

Бояд эътироф кард, ки мо ҳанӯз сиёсати беҳинасозии идоракунии корхонаҳои давлатиро тартиб надодаем. Мақсадҳо, вазифаҳо, намудҳо, усулҳои маблағгузорӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти онҳоро аз ҷиҳати қонунгузорӣ танзим кардан лозим аст. Илова бар ин, таъмини субот ва муносибати муназзам дар масъалаҳои муносибатҳои молиявии ширкатҳо ва ҳукумат зарур аст.

Дар Паёми соли 2022 ман дастур додам, ки танзим "аз сифр" ҷорӣ карда шавад. Дар доираи марҳилаи аввали ислоҳот аллакай зиёда аз 10 ҳазор талаботи зиёдатӣ ва номатлуб, ки фаъолияти соҳибкориро маҳдуд мекунанд, бартараф карда шуданд. Прокуратураи генералӣ ба кори дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ҳамроҳ шуда, барои сармоягузорон шароити осонтаре ба мисли «долони сабз» фароҳам оварда шуда, ҷиноятҳои иқтисодӣ ҷурмзудоӣ карда мешаванд. Аммо воридоти шикоятҳо аз ҷониби соҳибкорон дар бораи фаъолияти аз ҳад зиёди назорати мақомоти давлатӣ идома дорад. Ҳукумат ва Прокуратураи генералиро зарур аст, ки падидаҳои манфиеро, ки ба фазои сармоягузорӣ таъсир мерасонанд, бартараф намоянд. Дар доираи кори баргардонидани дороиҳо ҳамкории давлатро бо соҳибони сармоя низ равшан кардан лозим аст.

Соли гузашта дар вохӯрӣ бо соҳибкорон дар ин бора мавқеи қатъии худро баён доштам. Мо ба мувофиқа расидем, ки шарти ҳатмии афви сармоя, сармоягузорӣ ба иқтисоди Қазоқистон хоҳад буд. Чизи асосӣ он аст, ки онҳо ба нафъи Ватан кор мекунанд. Ин нуктаро ба таври нормативӣ муқаррар кардан лозим аст.

Ба соҳибкороне, ки ба феҳристи дахлдор дохил карда шудаанд, имкон дода мешавад, ки бидуни эътирофи ғайриқонунии дороиҳои додашуда шартнома банданд. Ин як қадами бузург ба манфиати соҳибкорони калон аст. Аммо худи соҳибкорон дар масъалаи равона кардани маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ бояд бо ҳукумат ва Прокуратураи генералӣ посухи монанд диҳанд. Ва ин корро аз рӯи иродаи нек, бидуни хариду фурӯши ҳар як танга анҷом бояд дод. Дар баробари ин, ин шахсон ҳамчун шаҳрвандони давлати мо вазифадоранд, ки барои сохтмони мактабу беморхона, майдонҳои варзишӣ, осорхона ва дигар иншооти иҷтимоию фарҳангӣ маблағи назаррас гузоранд. Номи чунин ашхос шояд дар «рӯйхати тиллоӣ»-и хайрхоҳон боқӣ монад. Агар ин раванд рад ё таъхир шавад, сӯҳбат бо чунин соҳибкорон ба таври дигар мешавад. Дар баробари ин, тамоми маълумот дар бораи молу мулки ба давлат баргардондашуда ва мақсади истифодабарии онҳоро мураттаб сохтан лозим аст.

Дар назди Ҳукумат вазифаи муҳим гузошта шудааст: то соли 2029 ҳиссаи соҳибкории миёна дар иқтисодиёт ба 15 дарсад расонида шавад. Имрӯз ин рақам тақрибан 7 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ибтидои сол дастур дода будам, ки барои дастгирии соҳибкории миёна қарорҳои мушаххас қабул карда шаванд. Тартиб додани тадбирхои мачмуи дар назар дошта мешуд. Бо вуҷуди ин, онҳо ҳанӯз нестанд.

Ҳар як субъекти соҳибкорӣ бояд ба осонӣ ҳаракат кунад ва бидонад, ки кадом намуди дастгирӣ мавҷуд аст ва чӣ гуна метавонанд онҳоро қабул кунанд. Он гоҳ тиҷорати хурд бештар ба гузариш ба табақаи миёна таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ҳоло мо зиёда аз 100 чораҳои дастгирӣ дорем, ки ҳатто мутахассиси қавӣ дар онҳо ошуфта хоҳад шуд. Аз ин рӯ, онҳо бояд аз рӯи самаранокӣ тафтиш карда шаванд ва рӯйхати ягонаи афзалиятҳо ва имтиёзҳо таъсис дода шаванд, ки барои тиҷорат фаҳмо бошад.

Барои рушди соҳибкории хурду миёна аз абзорҳои финтех истифода бурдан мумкин аст.

Ба комплекси агросаноатӣ ҷалб намудани маблағгузорӣ вазифаи ниҳоят муҳим аст. Новобаста аз оқибатҳои обхезӣ, деҳқонони мо киштро дар сари вакт анҷом доданд, ки барои ин ба онҳо изҳори сипос мекунам.

Имсол маблағгузорӣ барои корҳои баҳории саҳроӣ ду баробар зиёд шуд. Аммо умуман 70 дарсади маблағгузории комплекси агросаноатиро давлат таъмин мекунад. Инчунин маблағхои бонкҳои тиҷоратиро ба саноат ҷалб кардан лозим аст. Корҳо оид ба субсидия додани муассисаҳои молиявии давлатӣ барои додани қарз ба деҳқонон бо меъёри имтиёзнок анҷом дода шуданд. Ин таҷрибаро ба бонкҳо паҳн кардан лозим аст. Ин имкон медиҳад, ки деҳқонон ба зудӣ бо сармояи кории зарурӣ таъмин карда, хатарҳои коррупсионӣ коҳиш дода, тартиби гирифтани қарз содда карда шавад.

Муҳимтарин вазифаи гузариши тадриҷӣ аз субсидияҳои мустақим ба бахши кишоварзӣ ба таъмини қарздиҳии дастрас мебошад. Ҳамаи маблағҳои ҷудошуда бояд самаранок истифода бурда шаванд. Аммо маълумотҳои беэътимод, ё ба ибораи дигар гуем, сохтакорӣ имкон намедиҳанд, ки ба вазъияти ҳақиқии кишоварзӣ баҳо диҳем.

Комиссияи махсус аллакай 2 миллион cap чорвои калон ва зиёда аз 3 миллион cap чорвои майдаи мавҷуд набударо муайян кардааст. Дар зироаткорӣ низ ҳамин гуна далелҳо ошкор карда шудаанд. Инҳо аслан изофанависӣ мебошанд, ки барои онҳо субсидияҳои давлатӣ ҷудо карда шудаанд. Ба ин амали ҷинояткорона хотима дода, шахсони ба он дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Замин унсури асосии ҷолибияти сармоягузории саноат мебошад. Комиссияи заминсозӣ беш аз ду ҳазор қарорҳои ғайриқонунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар бораи бе гузаронидани озмун додани заминҳои кишоварзӣ муайян кардааст. Дар ин ҷо набояд норавшанӣ бошад. Агар замин бархилофи қонун гирифта шуда бошаду истифода нашуда бошад, пас ин замин бояд бо тартиби соддашуда ба давлат баргардонида шавад. Аммо агар заминистифодабаранда софдилона меҳнат карда, маблағгузорӣ карда бошад, пас, истеҳсолоти мавҷударо вайрон кардан мумкин нест. Дар баробари ин, кори ободонии деҳот ва бо кори доимӣ таъмин намудани сокинони деҳот низ бояд ба назар гирифта шавад.

Пӯшида нест, ки бисёр заминистифодабарандагон аз замине, ки ба онҳо фоида меорад, ҳазорхо километр дуртар зиндагӣ мекунанд ва ба ҳаёти сокинони деҳот парво надоранд. Ба мо чунин заминдорон лозим нест. Ҳукумат ва Прокуратураи генералӣ бояд бо онҳо сару кор гиранд.

Дар назди давлат вазифа меистад, ки шуғли сермаҳсули шаҳрвандон, махсусан дар деҳот ҳавасманд карда шавад, то ки онҳо дар бунёди ояндаи худ бевосита иштирок кунанд.

Соли гузашта сохтмони «Ауил Аманати» cap шуд, ки умуман натиҷаҳои хуб дод. Акнун дар доираи ин лоиҳа масъалаи ҷорӣ намудани асбоби нав — «қарзи молӣ» бояд баррасӣ шавад. Дар баробари ин ба вуҷуд овардани инфрасохтори коркард ва ба бозор баровардани маҳсулоти истеҳсолкардаи сокинони деҳот аҳамияти калон дорад.

Зарур аст, ки дар ҳар як ноҳия марказҳое таъсис дода шаванд, ки ба шаҳрвандон парвариши зироатҳои гуногунро омӯзонанд. Бо ташаббуси ҳизби «Аманат» чунин лоиҳа дар ноҳияи Меркени вилояти Ҷамбул роҳандозӣ шуда буд, бояд Ҳукумат ва ҳокимон масъалаи густариш додани онро дар дигар минтақаҳо баррасӣ кунанд.

Дар маҷмӯъ, вазифаи Ҳукумат ва тамоми мақомоти давлатӣ аз он иборат аст, ки роҳро барои соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ боз кунанд. Монеа кардан ба фаъолияти қонунии онҳо бояд ҷинояти хеле вазнин ва бо тамоми оқибатҳои бавуҷудомада ҳисоб карда шавад. Ман дар ин бора аллакай гуфта будам. Соҳибкорон ва сармоягузорон дар навбати худ бояд поквиҷдонӣ нишон диҳанд, қонунро риоя кунанд ва аз пардохти андоз саркашӣ накунанд.

СЕЮМ. Барои пурра ба кор андохтани иқтидори саноатии кишвар талошҳои мунтазам лозим аст.

Ҳукумат рӯйхати 17 лоиҳаи бузургро тартиб додааст. Афзалият расидан ба марҳилаҳои баланди коркард мебошад. Аз ашёи хом ва масолеҳи маҷмуии ватанӣ ба таври комил истифода бурда, дар атрофи азаматҳо иктидорҳои истеҳсолии алоҳида барпо кардан муҳим аст.

Ман ба қарибӣ ба вилояти Қарағанда сафар карда, аз коргоҳи металлургии «Қармет» боздид ба амал овардам. Бо омадани сармоягузори дохилӣ вазъ дар корхона ба таври қобили мулоҳиза мӯътадил шуд, таҷдиди корхона оғоз гардид, ки бояд боиси афзоиши назарраси истеҳсолот шавад. Дар доираи танаввуъи иқтисод дар Саран истеҳсоли чархҳои мошин ва асбобҳои рӯзгор ба роҳ монда шуд, ки ин имкон дод, ин шаҳр аз қатори шаҳракҳои яксоҳа хориҷ карда шавад. Ин таҷрибаро дар дигар шаҳрҳои моносаноатӣ ҷорӣ кардан лозим аст, то ки ба онҳо ҳаёти нав бахшад. Умуман, дар минтақаҳо ҷузъҳои нави афзоишро фаъолона инкишоф додан зарур аст.

Чунон ки маълум аст, имсол бо фармони махсус шаҳри Алатоу ташкил карда шуд, ки он бояд ба макони ободонии пешқадам, ҷалби навоварону истеъдодҳо табдил ёбад. Ҳукумат бояд барои сармоягузорӣ, зиндагӣ ва кор дар ин шаҳр фазои ҷолиб фароҳам оварад.

Дар саноати автомобилсозӣ натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуданд. Суръатро бо роҳи пайдарпай боло бурдани сатҳи маҳалҳо нигоҳ доштан лозим аст. Дастгирии давлатӣ ба саноати автомобилӣ бояд дар ниҳоят дар шакли кластери пурраи автомобилӣ баргардад.

Вазифаи боз ҳам рушд додани саноати нафту кимиё низ мубрам аст. Мо ба ҷорй намудани истеҳсоли бузурги полипропилен ва полиэтилен шуруъ кардем. Лоиҳаҳои дигари ояндадор оид ба истехсоли бутадиен, мочевина, кислотаи терефталӣ дар арафаи таҳия мебошанд.

Дар муддати рекордӣ навсозии қитъаҳои қубури гази Осиёи Марказӣ – Марказ бо дарозии зиёда аз 800 километр анҷом ёфт. Иқтидорҳоро васеъ кардан ва роҳҳои кашондани газро диверсификатсия кардан лозим аст. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат бо газ таъмин намудани аҳолӣ ва иқтисодиёт боқӣ мемонад.

Соли гузашта ба истифода додани як қатор конхои газ шуруъ карда, инчунин азхуд намудани конҳои нави газ пешбинӣ карда шудааст, ки ҳаҷми умумии истихроҷи он дар як сол як миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад. Аммо то пурра ба истифода додани ин лоиҳаҳо зарур аст, ки интиқоли газро ба бозори дохилӣ оқилона тақсим намуда, ба масъалаи аз ангишт ба газ гузаштани нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва истеъмолкунандагони маишӣ муносибати мутавозин кард.

Ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки сохтмони корхонаҳои коркарди газ дар Жанаозен, Қашағон ва Қарачағанакро тезонад. Ин вазифаи аввалиндараҷа аст. Барои бомуваффақият рушд кардани саноат тадбирҳои ҳавасмандгардонии самарабахше, ки ба таъмини боздеҳи маблағгузорӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумла таъмин намудани таърифаҳои мувофиқ ва нарххои яклухтро зудтар ҷорӣ кардан лозим аст. Чунин шароит барои маблағгузориҳои нав ба ҷустуҷӯи газ ниҳоят муҳим аст. Дар акси ҳол, иқтисодиётро бо ҳаҷми кофии газ таъмин кардан ғайриимкон мешавад.

ЧОРУМ. Мушкилоти аввалиндараҷаи инфрасохторро ҳал кардан лозим аст.

Ин пеш аз ҳама ба соҳаи энергетика ва хоҷагии коммуналӣ дахл дорад. Шартҳои стандартии қарздиҳиро барои сохтмони иншооти насли нав қобили қабул номидан мумкин нест. Аз ин рӯ, Ҳукумат бояд дар бораи он андеша кунад, ки чӣ гуна қарздиҳии дарозмуддатро аз муассисаҳои молиявӣ таъмин намояд.

Ба давлат лозим меояд, ки сиёсати таърифавии худро барои дарозмуддат аниқ ба нақша гирад. Ин шарти ҳатмии ба саноат ҷалб намудани «пули дарозмуддат» мебошад. Дар баробари ин ба беасос зиёд шудани таърифахо барои истеъмолкунандагон роҳ додан мумкин нест.

То охири сол бояд лоиҳаи миллии навсозии бахшҳои энергетика ва коммуналӣ тасдиқ карда шавад. Масъалаи ба вуҷуд овардани фарҳанги сарфаи захираҳои коммуналӣ тезу тунд боқӣ мемонад. Аз соли оянда аз рӯи принсипи «бештар истеъмол мекунӣ, бештар пул медиҳӣ» меъёрҳои аниқи истеъмоли онҳоро ҷорӣ кардан лозим аст. Дар баробари ин истеъмолкунандагон дар муносибат бо монополистҳои хусусӣ танҳо монданашон мумкин нест. Мафҳуми хизматрасониҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок бояд ба қонунгузорӣ ворид карда шуда, бо шабеҳи равандҳои хизматрасонии давлатӣ танзим карда шавад.

Бо дарназардошти норасоии афзояндаи энергияи ҷаҳонӣ, мо ба манбаъҳои боэътимод ва аз ҷиҳати экологӣ покиза эҳтиёҷ дорем. Бинобар ин, ба фикри ман, ба рушди энергетикаи атомӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ равона кардан лозим аст. Ин навъи насл талаботи босуръат афзудаистодаи иқтисоди моро асосан қонеъ гардонда метавонад. Ҳоло дар 30 кишвари рушдёфта ва рушдкунанда қариб 200 нерӯгоҳи барқи атомӣ кор мекунад.

Мо бояд, бо назардошти манфиатҳои дарозмуддати миллӣ ва хусусиятҳои кишварамон дар бораи оянда фикр кунем. Бинобар ин, ман ҳамеша таъкид мекардам, ки аз рӯи масъалаи сохтани нерӯгоҳи барқи атомӣ қарори мулоҳизакорона қабул ва нақшаҳои стратегиро дар ҷомеа ба таври васеъ муҳокима кардан лозим аст.

Ҳар як қадами барои ҳаёти кишвар муҳим бояд бо дастгирии мардум сурат гирад. Дар бобати раъйпурсӣ оид ба нерӯгоҳҳои атомӣ низ бояд чунин бошад. Ман дар бораи татбиқи он соли гузашта ҳарф задам, яъне як сол боз ин мавзӯъ дар рӯзномаи ҷомеа қарор дорад. Ман фикр мекунам, ки ин як давраи кофӣ барои қабули қарори огоҳона аз ҷониби шаҳрвандон аст. Аз ин лиҳоз, ман аз пешниҳоди Ҳукумат ҷонибдорӣ мекунам. 6 октябри соли ҷорӣ раъйпурсии умумихалқӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳи барқи атомӣ баргузор мешавад, имрӯз ман фармони дахлдорро имзо хоҳам кард.

Раъйпурсии дарпешистода боз як зуҳуроти муколамаи васеи миллӣ ва намунаи барҷастаи татбиқи консепсияи «давлати шунаво» хоҳад буд. Воқеан, мо бо ин иқдомҳо фарҳанги нави иҷтимоию сиёсиро ташаккул дода, меъёрҳои нави қабули қарорҳои асосии ҳукуматро ба миён мегузорем.

Афзалияти стратегӣ рушди соҳаи нақлиёт ва логистика мебошад. Ҷойгиршавии Қазоқистон дар маркази Авруосиё бартарии бузурги рақобатии мост. Аз ин рӯ, сармояҳое, ки мо ба инфрасохтори нақлиёт мегузаронем, албатта, самараи худро мебахшад.

Мо бояд ба наслҳои ояндаи шаҳрвандони худ роҳҳои баландсифат ва роҳи оҳан, марказҳои самараноки ҳавоӣ, вокзалҳо ва бандарҳои баҳриро гузорем. Дар ин роҳ маҷмуи масъалаҳоро ҳал кардан лозим аст.

Ислоҳоти соҳаи роҳи оҳан бояд якҷоя бо аз нав дида баромадани системаи таърифаҳо гузарад. Ин далели равшан аст. Таърифаҳои нав ба нигоҳ доштани ҳолати дурусти хати роҳи оҳан ва васеъ намудани иқтидори он ёрӣ мерасонанд. Ширкати «Қазоқистон темир жоли» се лоиҳаи бузурги инфрасохториро барои сохтмони роҳи оҳан бо дарозии умумии зиёда аз ҳазор километр амалӣ менамояд. Ин лоиҳаҳо бояд сари вақт ва ба сатҳи баланд анҷом дода шаванд.

Масъалаи муҳим — вазъияти роҳҳои мост. Ман дар ин бора аллакай гуфта будам. Соли ҷорӣ дар саросари кишвар ҳудуди 12 ҳазор километр роҳ таъмиру бунёд мешавад, ки ин барои Қазоқистон ҳаҷми бесобиқа мебошад. Таҷдиди хатсайрҳои Остона – Алмаато, Актюбе – Атирау – Астрахан, Талдиқӯрғон – Уст-Каменогорск ба анҷом мерасад.

Барномаи таъмири миёна, ки аллакай 2,5 ҳазор километр роҳҳои байнивилоятӣ ва байниноҳиявиро дарбар мегирад, аҳамияти калон дорад. Ба ин роҳҳо дар байни шаҳрвандон талабот зиёд аст. Бинобар ин ман супориш медиҳам, ки ин барнома вусъат дода шавад, то ҳадди ақал 10 ҳазор километр роҳро дар саросари кишвар фаро гирад. Албатта, сифат афзалияти махсус аст. Барои ин мо бояд аз усулҳои навоварона ва пешқадам васеътар истифода барем. Ҷиҳати пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ бояд платформаи ягонаи рақамӣ ба кор андохта шавад, ки дар он тамоми маълумот оид ба сохтмон ва таъмири роҳҳо, аз ҷумла дар дохили шаҳр инъикос меёбад.

Қазоқистон вазифадор аст, ки натиҷаҳои бадастомадаро дар соҳаи рақамисозӣ тақвият бахшад. Технологияҳои ҳуши сунъӣ бояд ба платформаи ҳукумати электронӣ фаъолона ҷорӣ карда шаванд. Қазоқистон бояд ба кишваре табдил ёбад, ки дар он ҳуши сунъӣ васеъ истифода мешавад ва технологияҳои рақамӣ рушд мекунанд. Ин вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумат аст. Аз аъзоёни Парлумон хоҳиш мекунам, ки ба ин кор ҳамроҳ шаванд.

Соли оянда бояд дар Остона Маркази миллии ҳуши сунъӣ ба фаъолият оғоз кунад, ки барои мактаббачагон, донишҷӯён, муҳаққиқон ва соҳибкорон боз хоҳад шуд.

Корҳоро оид ба такмили танзими дороиҳои рақамӣ ва истихроҷи маъдан ва рушди минбаъдаи биржаҳои криптографӣ идома додан лозим аст. Мо соҳибкороне дорем, ки бар зарари иқтисод миқдори зиёди нерӯи барқро истеъмол мекунанд, аммо ба андозаи лозим андоз намесупоранд. Ана бо ҳаминҳо мо бояд мубориза барем.

Дар соли 2025 лоиҳаи кашидани хатти нахӣ-оптикӣ тавассути баҳри Хазар низ ба анҷом мерасад. Ин барои кишвари мо аз нуқтаи назари эҷоди инфрасохтори рақамӣ, ки ба долонҳои байналмилалӣ ва ҷараёнҳои фаромарзии додаҳо пайваст аст, ниҳоят муҳим аст. Умуман, мо бояд рушди фаъоли шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва марказҳои маълумотро идома диҳем, стандартҳои ҷаҳонии киберамниятро ҷорӣ кунем ва салоҳияти мутахассисони худро такмил диҳем.

Вазифаи аз ҳама муҳим рушд додани марказҳои ҳавоӣ мебошад. Ҳамасола дар Қазоқистон ҳудуди 150 ҳазор тонна борҳои ҳавоӣ коркард мешавад. Соли ҷорӣ ин рақамро ду баробар зиёд кардан мумкин аст. Барои васеъ кардани иқтидори фурудгоҳҳои мо барои кашондани бор тамоми шароит фароҳам оварда шавад.

Рушди хатсайрҳои дохилии ҳавоӣ, бахусус дар масъалаи инфрасохтор дар мавзеъҳои асосии сайёҳӣ бояд як соҳаи таваҷҷӯҳи ҷиддӣ бошад.

Роҳҳои парвози минтақаҳои осоишгоҳии Балхаш ва Алакол аллакай нав карда шуданд. Имкониятҳои минтақаҳои осоишгоҳии Катон-карағай, Зайсан ва Кендирлиро ошкор кардан лозим аст. Дар ноҳияҳои осоишгоҳӣ маҷмааҳои аэровокзал ва фурудгоҳҳои дорои инфрасохтори хушсифати роҳ сохтан лозим аст. Аз ҳисоби хазинаи рушди саноат тайёраҳои хурд харида шаванд.

Ба вижа қайд кардан мехоҳам, ки ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ мувозинати экологиро вайрон накарда, ба табиат зарар нарасондан муҳим аст.

Идома. Ба системаҳои обёрӣ ва умуман ба хоҷагии об ба таври ҷиддӣ назар кардан лозим аст.

Обхезии бемислу монанди баҳорӣ, ки барои тамоми мамлакат имтиҳони ҷиддӣ гардид, ягонагии мардуми моро нишон дод. Ихтиёриён ва шаҳрвандони нигарон аз тамоми минтақаҳои Қазоқистон ба осебдидагон кумак расониданд. Тиҷорати калон низ ба даъвати ман посух дод ва дар канор наистод. Ба шарофати амалҳои қатъии давлат ва ҳамбастагии мардум мо тавонистем аз ин вазъи ниҳоят вазнин бемалол берун биоем.

Дар баробари ин ба мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ лозим меояд, ки аз ин ҳолат сабақи дахлдор омӯзанд. Дар воқеияти кунунӣ мо бояд ба ҳама гуна мушкилот омода бошем, аз ин рӯ бояд чӣ гуна эҷод кардани захираи обро тавассути ҷамъоварӣ кардани он барои эҳтиёҷоти деҳқонон ёд гирем. Нерӯгоҳҳои гидрологиро таъмир ва нав кардан, кори сарфаи обро ҳарҷониба ташкил кардан лозим аст. Ин пеш аз ҳама ба кишоварзӣ дахл дорад, ки дар он бояд технологияи сарфаи об васеътар истифода шавад.

Системаҳои обёрӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ,  дар ҳолати муносибати дуруст, метавонад як соҳаи ҷолиб барои сармоягузорӣ гардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки сиёсати таърифавӣ танзим карда, ба сармоягузорон воситаҳои муассири дастгирӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳукумат бояд ба ҳалли ин вазифаи муҳим шуруъ намояд.

ПАНҶУМ. Иқтидори кадрии кишварро пай дар пай зиёд кардан зарур аст.

Бо кадрхои боихтисос таъмин намудани иқтисодиёт вазифаи муҳимтарин мебошад. Мо бояд пеш аз ҳама нарасидани мутахассисони соҳа: обронҳо, бинокорон, энергетикҳо ва бисёр дигаронро бартараф кунем. Сухан дар бораи омода кардани мутахассисон барои касбҳои оянда ҳам меравад. Дар ин самт кор аллакай оғоз шудааст.

Ҳукумат маълумоти олиро байналмилалӣ мегардонад — ба кишвар 23 донишгоҳи машҳури хориҷӣ чалб карда шудаанд. Ба фаъолияти онҳо ҳарҷониба ёрӣ расондан, аз ҷумла бо роҳи густариши пайдарпайи супоришҳои давлатӣ омода кардани мутахассисон зарур аст. Айнан ҳамин чиз ба донишгоҳҳои ватанӣ дахл дорад, ки барномаҳои таълимӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошанд. Андозаи бурсияҳои ҷудошуда бояд барои ташкили босифати раванди таълим имкон диҳанд. Наметавон маблағҳои давлатиро дар тамоми донишгоҳҳо пароканда кард.

Робитаи донишгоҳҳои беҳтаринро бо бахши воқеии иқтисод мустаҳкам кардан лозим аст. Сиёсати инноватсиониро бо афзалиятҳои илмию техникии кишвар ҳамоҳанг кардан лозим меояд. Ин ба навовариҳои соҳа такон мебахшад ва иқтидори илми амалӣ дар донишгоҳҳоро боз мекунад.

Таҷрибаомӯзии академиро дар хориҷи кишвар ба як навъ “туризми академӣ” табдил додан низ ғайриимкон аст. Кадрҳои сохибихтисос на танҳо дар донишгоҳҳои олӣ, балки дар ташкилотҳои маълумоти касбӣ-техникӣ ҳам омода карда шаванд. Ҳукумат бояд имконияти ба мақомоти давлатии соҳавӣ қабул кардани дастпарварони коллеҷҳоро, ки натиҷаҳои хуб нишон додаанд, дида барояд.

Ислоҳоти таҳсилоти касбӣ аз ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва ҷолибияти сармоягузории он комилан муҳим мегардад.

Соли 2025-ро Соли касбҳо эълон мекунам. Дар ин муддат дар системаи маълумоти касбӣ-техникӣ ислоҳот гузарондан лозим аст. Соли касбҳои коргарӣ низ ба тарғиби ғояҳои меҳнатдӯстӣ ва кордонӣ дар ҷомеаи мо мусоидат хоҳад кард.

Зарур аст, ки одамоне, ки бо меҳнати ҳалолу кӯшо ба комёбиҳо ноил шудаанд, ҳамеша ҳурмату эҳтиром дошта бошанд. Ин ба принсипи мо «Шаҳрванди бомасъулият — меҳнати ҳалол — муваффақияти шоён» комилан мувофиқ аст. Арзишҳои меҳнатдӯстӣ ва кордонӣ дар ҷомеаи мо бояд ҳамеша дар ҷои аввал бошанд. Маҳз ба шарофати мутахассисони соҳаи худ сифати нави миллати мо ташаккул меёбад. Бинобар ин, мо дар оянда ҳам барои болобарии сатҳи некӯаҳволии меҳнаткашон тадбирҳои собитқадамона меандешем.

Кори бад намешавад – ҳамаи касбҳо лоиқи эҳтироманд; чизи асосӣ он аст, ки ҳар як шаҳвранд вазифаи худро софдилона, бо ҳисси амиқи масъулият иҷро намояд. Танҳо ҳамин тавр кишвари мо дар роҳи рушд ба қуллаҳои баланд мебарояд.

Бесабаб нагуфтаанд, ки меҳнат калиди сарват аст («Жумыстын козин тапкан бай- ликтын озин табадй»). Дар ҷомеаи мо бояд чунин фаҳмиш вуҷуд дошта бошад, ки меҳнати ҳалол ва масъулиятнок албатта қадр карда мешавад. Ба ин мақсад, аз ҷумла, ба шаҳрвандон додани унвонҳои фахрӣ хизмат мекунад. Чунин ҷоизаҳо қаблан барои омӯзгорон, табибон ва фарҳангиён ҷорӣ шуда буданд. Ин ташаббуси хеле хуб аст ва ин усулро васеътар татбиқ кардан лозим аст.

Барои барпо намудани иқтисоди рақобатпазир ва пешрафти кишвар обрӯи касбу ҳунари коргарӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни саноатро пай дар пай баланд бардоштан лозим аст. Бинобар ин ба системаи мукофотҳои давлатӣ унвонҳои фахрии муҳандисон, геологҳо, азхудкунандагони конҳо, кормандони соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва хоҷагии об, инчунин олимон ва ихтироъкорон дохил карда мешаванд. Дар сатҳи давлатӣ қадр карда шудани хизматҳои шоёни таҳсини онҳо барои ҳамаи кормандони ҳирфаӣ ҳавасмандии хуб шуда, обрӯю эътибори заҳматкашонро баланд мебардорад.

Таҳсилоти миёна дар таҳкими иқтидори кадрии кишвар нақши бузург мебозад. Бо супориши ман лоиҳаи миллии «Мактаби бароҳат» амалӣ шуда истодааст. То охири соли 2025 ба истифода додани 217 мактаби замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин масъала ниҳоят муҳим аст ва таҳти назорати Хазинаи Самрук-Қазина қарор дорад. Дар ин кор бояд ҳукумат ва ҳокимҳо фаъолона ширкат варзанд. Боварӣ дорам, ки вакилони мардумӣ низ дар канор намеистанд. Барои мактабҳои бароҳат Ҳукумат бояд сохтори алоҳидаи идоракуниро таъмин намояд.

Дар ҳамин ҳол, дар саросари кишвар қариб 1300 мактаб ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Ҳукумат якҷо бо ҳокимон бояд дар давоми се сол манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла маблағҳои сарпарастиро муайян намуда, ин мактабҳоро бозсозӣ кунад.

Давлат барои пардохтҳои кафолатнок, аз ҷумла маблағгузории мактабҳои хусусӣ маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Масалан, танҳо дар соли ҷорӣ ба мактабҳои хусусӣ, ки дар онҳо беш аз 250 ҳазор кӯдак таҳсил мекунанд, аз буҷет 134 миллиард танга ҷудо карда шудааст. Волидон бояд аз кӯмаки мушаххаси ҳукумат ба мактабҳои хусусӣ огоҳ бошанд. Бо ин мақсад маблағҳое, ки аз рӯи меъёр барои ҳар як кӯдак ҷудо карда шудаанд, бояд нишон дода шаванд. Ин ба ҷомеа манзараи ҳақиқии маблағҳоеро нишон медиҳад, ки барои барномаҳои иҷтимоӣ ҷудо карда мешаванд.

Дар баробари ин, барои пурзӯр намудани фаъолияти мактабҳо, боз ҳам баланд бардоштани ихтисос ва вазъи иҷтимоии омӯзгорони мо тадбирҳо андешидан лозим аст.

Омӯзгорон пешоҳангҳои зеҳнии кишвар буда, барои пешравии дарозмуддати миллат замина мегузоранд. Мо метавонем беҳтарин барномаҳо, мактабҳои замонавӣ ва низомҳои пешрафтаи идоракуниро дошта бошем, аммо бе омӯзгорони хуб ба чизе ноил шуда наметавонем. Бинобар ин ба масъалаи ба донишкадаҳои олии омӯзгорӣ ҷалб намудани ҷавонони боғайрат, қобилиятнок таваҷҷуҳи махсус равона кардан лозим аст. Дар ин масъала аллакай тамоюли мусбат ба амал омадааст;

Ба мактаб омода кардани кӯдакон аҳамияти бузург дорад. Волидайн дар баробари давлат барои тарбияи томактабӣ ва тарбияи кӯдак масъулияти муштарак доранд. Аз ин рӯ, маблағгузории ҳар сари аҳолӣ барои таълими томактабӣ бояд ба даромади воқеии ҳар як оила вобаста карда шавад. Ҳамин тариқ, такмили минбаъдаи низоми маориф ба шаҳрвандоне, ки воқеан эҳтиёҷ доранд, шаффофияти дастгирии давлат ва дар маҷмӯъ ба таҳкими нерӯи инсонии кишвар мусоидат мекунад.

ШАШУМ. Барои таҳкими саломатии миллат ва аз нав барқарор кардани сохтори дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон тадбирҳои ҳамаҷониба амалӣ карда шаванд.

Ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии иҷтимоии тиббӣ ба воридшавии зиёди захираҳои иловагӣ ба соҳаи тандурустӣ мусоидат намуда, ба тибби хусусӣ манфиат овард.

Имсол ба сохтори тандурустӣ  қариб 3,3 трлн танга маблағҳои буҷавӣ равона карда шудааст. Бо вуҷуди ин, даромади чунин сармоягузориҳо то ҳол шубҳанок аст. Таҳрифи байни уҳдадориҳои ҳамаи иштироккунандагони низоми суғуртаи тиббӣ боиси мавҷи сохтакорӣ гардид. Аксар вақт аз беморон хоҳиш карда мешавад, ки хидматҳои аз ҷониби давлат кафолатдоштаро бо пул дастрас кунанд ё дар давоми чанд моҳ интизор шаванд. Ин амалия қобили қабул нест.

Зарур аст, ки маҷмуи ягонаи ёрии асосии тиббии давлатиро, ки аз ҷиҳати имконияту уҳдадориҳои буҷет мутаносиб бошад, ташкил кард. Ҳама чизи берун аз ин бояд тавассути низоми суғурта пардохт карда шавад. Чунин тағйироти ҷиддиро бидуни рақамисозӣ бомуваффақият амалӣ кардан мумкин нест.

Ба ҷои даҳҳо барномаҳо ва пойгоҳи додаҳои ҷудогонаи амалкунандаи имрӯза низоми ягонаи давлатии ахбороти тиббиро ташкил кардан лозим аст. Он бояд назорати ҳамаҷониба ва объективии маълумотро барои ҳамаи ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ, ки фармоишҳои давлатӣ мегиранд, новобаста аз шакли моликияташон таъмин намояд. Ҳукумат бояд ин масъалаи муҳимро зуд ҳал карда, аз рафти кор ба ман ва ҳайати вакилони мардумӣ хабар диҳад.

Барои рушди соҳаи тандурустии ватанӣ зарур аст, ки тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ захираҳо фаъолонатар ҷалб карда шаванд. Мутаассифона, таҷрибаи беҳтарини хориҷии шарикии давлат ва бахши хусусӣ то ҳол дар қонунгузории мо пурра инъикос наёфтааст, ки ин боиси бесамар шудани лоиҳаҳо ва бори аз ҳад зиёди буҷет мегардад. Муносибатҳоро аз нав дида баромадан зарур аст, ки ба ивази маблағгузорӣ таърифаҳои мувофиқ таъмин карда шаванд. Ҳукумат бояд меъёрҳо ва қоидаҳои алоҳидаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои бахшҳои тандурустӣ ва маорифро таҳия намояд.

Мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ҳам рӯзмарра боқӣ мемонад. Барои ҳалли он сифати таълими тиббиро хеле беҳтар кардан, аз ҷумла бо роҳи ҷорӣ намудани маблағҳои дифферентсиалии бурсияҳо ва вобаста ба дараҷаи раванди таълим тақсим кардани онҳо зарур аст.

Чунон ки маълум аст, ман ба инкишофи варзиши оммавӣ бештар таваҷҷуҳ дорам. Бе ин ба мақсади ба воя расондани ҷавонони солим ва мустаҳкам намудани саломатии миллат ноил шудан мумкин нест. Ба наздикӣ ман дар вохӯрӣ бо иштироккунандагони Бозиҳои олимпӣ вазифаҳои асосӣ ва афзалиятҳои соҳаи варзишро тартиб додам. Ба андешаи ман, зарурати навсозии қонунгузории ин соҳа ба миён омадааст.

Тағйироти дахлдор ба рушди варзиши оммавӣ ва бачагона такони қавӣ бахшида, барои омода кардани галактикаи нави қаҳрамонҳо замина фароҳам меорад. Ба фикрам, вакилон бояд ба ин лоиҳаи қонуни муҳим таваҷҷуҳи махсус равона созанд.

Давлат бо назардошти зарурати дастгирии табақаҳои осебпазири шаҳрвандон хароҷоти иҷтимоиро пай дар пай зиёд мекунад. Ҳоло бештар аз нисфи буҷаи давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ меравад. Барои дастгирии оилаҳои кӯдакдор муҳлати додани ёрдампулӣ барои нигоҳубини кӯдак аз якуним сол зиёд карда шуд.

Аз аввали соли равон барои шахсоне, ки дар корҳои дорои шароити меҳнати зарарнок кор мекунанд, пардохтҳои махсус ҷорӣ карда шуданд. Лоиҳаи бузургмиқёси «Хазинаи миллии кӯдакон» оғоз гардид, ки дар чаҳорчӯби он беш аз 300 миллиард танга аз даромади Хазинаи миллӣ ба суратҳисоби 7 миллион кӯдак тақсим карда шуд. Вале бояд эътироф кард, ки ҳоло тадбирҳои дастгирӣ бе назардошти даромади воқеии шаҳрвандон пешбинӣ карда мешаванд. Аксар вақт онҳоро оилаҳои сарватманд қабул мекунанд, ки ба ин гуна кӯмак ниёз надоранд. Воситаҳои дастгирии аҳолиро бо назардошти ин ҷиҳат такмил додан лозим аст. Ба Ҳукумат супориш медиҳам, ки аз аввали соли оянда раванди “ҳамёни иҷтимоӣ”-ро ҷорӣ кунад.

Дастгирии давлат бояд ба шаҳрвандоне равона карда шавад, ки воқеан ба он ниёз доранд. Ба ибораи дигар, зарур аст, ки ёрии иҷтимоӣ аз рӯи асосҳои инсоф, ошкорбаёнӣ ва самарабахшӣ таъмин карда шавад.

ҲАФТУМ. Яке аз ҳадафҳои асосӣ беҳтар намудани вазъи экологӣ ва тарбияи эҳтиром ба муҳити зист мебошад.

Зарур аст, ки сокинони кишвари мо аз таъсири омилҳои манфии муҳити зист эмин бошанд. Корхонахо бояд ба муҳофизати табиат бо масъулияти бузург муносибат кунанд. Ҳукумат ва Палатаи «Атамекен» бояд чораҳои мушаххас андешанд. Дар ин соҳа ба таври густарда ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадамро давом дода, низоми ҳозиразамони назорати партовҳоро ташкил кардан лозим аст.

Таваҷҷуҳи мо ба масъалахои нигаҳдории набототу ҳайвоноти нодири Қазоқистон махсус боқӣ мемонад. Давлат барои аз сӯхтор ҳифз кардани ҷангалу даштҳо тамоми чораҳоро мебинад.

Сарфи назар аз гуногунии бузурги табиии Қазоқистон, ҷангалҳо танҳо 5 дарсади қаламрави кишварро ишғол мекунанд. Таҷдиди ҷангал барои нигоҳ доштани мувозинати экологӣ ва пешрафти минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ман аз рӯзҳои аввали президент буданам ба ин масъала диққати махсус медиҳам.

Дар кишвар кабудизоркунӣ бо суръати хуб ба роҳ монда шудааст, ки онро суст кардан мумкин нест. Дар мамнуъгоҳи ҷангали «Семей ормани» дар Осиёи Миёна ягона маҷмааи тухмии ҷангал барои парвариши масолеҳи кишт, ки ба меъёрҳои пешқадами байналмилалӣ мувофиқ аст, мавҷуд мебошад. Лозим аст, ки ин лоиҳаро дар дигар навоҳии ҷангали республика вусъат диҳем.

Ғояи зиёд кардани майдони ҷангал бояд воқеан маъмул гардад. Дар байни шаҳрвандон дар бобати ин мавзуъ кори ҷиддии фаҳмондадиҳиро ташкил кардан лозим аст.

Тавре маълум аст, аз баҳор дар кишвар маъракаи умумимиллии экологии «Тоза Қазоқистон» ҷараён дорад. Ин ташаббуси эҷодӣ шаҳрвандонро муттаҳид намуд. Дар давоми якчанд моҳ кариб 3 миллион нафар одамон иштирок карда, садҳо ҳазор хонаҳоро покиза карда, зиёда аз як миллион тонна партов ҷамъ карданд. Ба шарофати чунин иқдомҳо дар кишвар фарҳанги нав, одоби нави ҷомеавӣ ҷой гирифта истодааст. Метавон гуфт, ки ин ватандӯстии ҳақиқӣ ва ғамхорӣ нисбати Ватан аст. Тавассути чунин корҳо хислати нави миллати мо ташаккул меёбад.

Ин амали муваққатӣ нест, ин лоиҳаи муҳим бояд тамоми сол давом кунад, зеро агар ошкоро гӯем, баъзе шаҳрвандони бемасъулият ҳанӯз ҳам табиату кӯчаҳоро ифлос мекунанд. Ин шахсон барои чунин кирдорҳо бояд тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба ибораи дигар, ғамхорӣ дар бораи муҳити зист бояд як меъёри ҳаррӯзаи ҳамагон гардад. Мардуми мо бисёр хислатҳои нек дорад. Масалан, моро дар хориҷа чун мардуми меҳмоннавозу меҳрубон мешиносанд. Майли озодагӣ ва тартибот низ бояд хусусияти таркибии хислати миллии мо гардад.

Барои босифат гузарондани маъракаи «Тоза Қазоқистон» дар вилоятҳо бевосита ҳокимон масъуланд, ки онҳо бояд аҳамияти бузурги онро ба мардум фаҳмонда, корро дуруст ташкил кунанд. Роҳбарони вилоятҳо бояд на танҳо бо мушкилоти иқтисодӣ машғул шаванд, балки ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ ҳам таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир кунанд. Зарур аст, ки ҳар як роҳбар бевосита кор карда, бо шаҳрвандон муколамаи боваринок барқарор намояд. Он гоҳ мардум аз талошҳои ӯ пуштибонӣ мекунанд ва ба корҳои фоиданоки кишвар саҳм мегузоранд. Ин нишондиҳандаи нуфузи ҳокимҳост.

ҲАШТУМ. Самараи идоракунии давлатӣ бояд ба куллӣ беҳтар карда шавад.

Аз замоне, ки ман мафҳуми «давлати шунаво»-ро пешниҳод кардам, каме бештар аз панҷ сол гузашт. Дар ин давра имкон пайдо шуд, ки фарҳанги ҳамкории ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ тағйир дода шавад. Миқдори кофии механизмҳои самарабахши баёни афкор ва майдонҳои гуногуни муколама ба вуҷуд омадаанд. Робитаи бевоситаи ходимони давлатӣ ва шаҳрвандон ба як меъёр табдил ёфтааст. Метавон гуфт, ки ин консепсия қолаби нави рафтори хизматчиёни давлатӣ – ташаббускор, кушода, яъне боз ҳам масъулиятноктару муассиртарро ташаккул додааст. Аммо барои таъмини рушди минбаъдаи муколамаи байни давлат ва ҷомеа ҳамаи моро зарур аст, ки софдилу холис бошем, танҳо дар доираи қонун амал кунем, барои гуфтору амаламон ҷавоб гӯем.

Мо мебинем, ки чи тавр баъзан ташаббуси оммаро популистҳои бемасъулият, ки аз масъалаҳои баррасишавандаи ҷомеа амиқ хабар надоранд, ба даст мегиранд. Ин ба демократия рабте надорад.

Ниҳоят муҳим аст, ки экосистемаи ягонаи кор бо муроҷиатҳо ташаккул ёфт, ки ба мо имкон медиҳад, ки талабот ва интизориҳои шаҳрвандонро дақиқтар муайян кунем. Мақомоти давлатӣ барои беҳтар кардани кори худ бояд ба таҳлили муроҷиатномахо бештар таваҷҷуҳ кунанд.

Яке аз дархостҳои шаҳрвандон, ки давлат дар солҳои охир қонеъ кардааст, ҷорӣ намудани интихоби мустақими ҳокимон буд.

Ҳамин тариқ, аз соли 2021 инҷониб ҳудуди 2,5 ҳазор ҳокими деҳот интихоб шуданд, ки 90 фоизи шумораи умумии раисони маҳаллаҳои аҳолинишинро ташкил медиҳад. Дар дигар деҳаҳо пас аз ба итмом расидани мӯҳлати ваколати ҳокимони онҳо интихобот баргузор мешавад. Синни миёнаи ҳокимони нав интихобшуда 46 сол аст, ки 60 дарсади онҳо қаблан дар хидмати давлатӣ кор накардаанд. Дар миёни онҳо соҳибкорон ва аъзои аҳзоби мухталиф низ ҳастанд. Хулоса, ҳайати ҳокимони аз ҷониби мардум интихобшуда ба таври назаррас нав карда шуд.

Тирамоҳи соли гузашта мо бори аввал ба интихоботи ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳои дорои аҳамияти вилоятӣ шурӯъ кардем. Дар ҳамаи вилоятҳо тибқи қоидаҳои нав 45 ҳоким интихоб карда шуд. Пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи натиҷаҳои интихобот ва таҳлили кори ҳокимони интихобшуда дар бораи гузариши ниҳоӣ ба низоми нав аз соли оянда қарори бунёдӣ қабул карда шуд. Минбаъд ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳои дорои аҳамияти вилоятӣ танҳо тавассути интихоботи мустақим, ки бо ба охир расидани ваколатҳои (яъне давраи ротатсияи) ҳокимони феълӣ баргузор мегардад, интихоб карда мешаванд. Ин боз як иқдоми муҳими дигаргунсозии низоми сиёсӣ мебошад. Ислоҳоти сиёсӣ маъракаи якдафъаина нест. Агар ин барои рушди давлат зарур бошад, ислоҳот пайваста сурат мегирад.

Масъалаи боло бурдани салоҳияти хизматчиёни давлатӣ аз рӯзнома дур нашудааст.

Ҳамаи таъинот бояд бо назардошти сифатҳои кордонию ахлоқии номзадҳо, инчунин натиҷаҳои кори онҳо дар вазифаҳои пештара сурат гирад. Асосҳои меритократия бекор карда нашудаанд. Дар ин кор дигаргуниҳои мусбат ба амал меоянд. Ҳамаи мақомоти давлатӣ ба системаи ягонаи иттилоотии кадрҳо гузаронида шуданд.

Ҳамакнун бояд Агентии хизмати давлатӣ ва Ҳукумат автоматикунонии масъалаҳои кадрии ташкилотҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, таъмин намоянд.

НӮҲУМ. Идеологияи қонуну тартибот дар ҷомеа устуворона ҷорӣ карда шавад.

Воридшавии густурдаи технологияҳои рақамӣ ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон бо афзоиши шумораи намудҳои гуногуни қаллобӣ ҳамроҳ мешавад. Мо инро аллакай дида истодаем. Аз ин рӯ, дар воқеияти муосир дониши асосҳои иқтисод ва молия ва доштани малакаҳои асосии рақамӣ махсусан муҳим мегардад. Дар робита ба ин, мехоҳам лоиҳаи «Қаризсиз когам»-ро, ки бо ибтикори ҳизби «Аманат» барои баланд бардоштани саводнокии молиявии шаҳрвандон роҳандозӣ шудааст, қайд намоям. Соли гузашта лоиҳа 65 ҳазор касро фаро гирифт, имсол низ он хеле васеътар мешавад.

Ҳукумат дар якҷоягӣ бо танзимгарони молиявӣ бояд дар мактабҳо ва донишгоҳҳо барномаҳои таълимӣ оид ба асосҳои саводнокии молиявӣ ва гигиенаи рақамиро ҷорӣ кунад. Ин масунияти Қазоқистонро ба намудҳои гуногуни нақшаҳои қаллобӣ мустаҳкам мекунад. Ҳама мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки барои мубориза бо қаллобӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои бо он алоқаманд, ки ба шаҳрвандони мӯҳтарам таъсир мерасонанд, чораҳои қатъӣ андешанд.

Айни замон лоиҳаи Қонуни нави «Дар бораи пешгирии ҷинояткорӣ» таҳия карда мешавад. Иҷрои он муттаҳид намудани ҷидду ҷаҳди дастгоҳи давлатӣ ва ҷомеаро талаб мекунад. Танҳо дар ҳамин сурат вазъиятро тағйир додан, волоияти қонун ва бехатарии шаҳрвандонро таъмин кардан мумкин аст.

Дар ҳамаи ҷомеаҳо, аз ҷумла дар мо, ба чунин маҳакҳои асосӣ,  ба монанди адолат ва амният талабҳо мавҷуданд. Пурра қонеъ гардондани ин ниёзҳои асосӣ нишондиҳандаи боэътимоди самараи кори давлат мебошад.

Бо татбиқи пайвастаи ислоҳоти васеъмиқёс мо озодии баёнро ба таври қобили мулоҳиза тавсеа додем ва барои иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои ҳукумат имконият фароҳам овардем.

Дигаргуниҳои амиқи иҷтимоию иқтисодӣ ва тадбирҳои ҳамаҷониба дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама ба бунёди ҷомеаи одилона ҳамчун заминаи пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, мо дар ин самт ислоҳот ва корҳои муназзамро идома хоҳем дод.

Ҳамзамон, афзалияти стратегии мо таъмини амнияти шаҳрвандон - арзиши бунёдии ҳар як инсон ва дар маҷмӯъ ҷомеа боқӣ мемонад.

Солҳои охир мо дар эҷоди муҳити бехатар аллакай пешравиҳои назаррас ба даст овардем. Дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятии мо чинояткорӣ ва қонуншиканӣ дида намешавад. Аммо дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар баъзе кишварҳои пешрафта, эпидемияи воқеии ҷиноят ва бесарусомонӣ авҷ гирифтааст. Вале мо бо комёбиҳои худ хотирҷамъ шуда наметавонем.

Яке аз ҳадафҳои асосии ман ин аст, ки Қазоқистон ба қаламрави зиндагии бароҳат ва бехатар табдил ёбад. Ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дахлдори давлатӣ вазифа гузошта шудааст, ки амнияти ҳамаҷонибаи шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор аст, ки ба ҳама гуна ҷиноятҳо, аз авбошӣ ва вандализм то муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои вазнин мубориза барад. Дар давлати ҳуқуқбунёд ба ҷинояткорӣ ҷой нест, бинобар ин бояд ба бандитизм хотима дода шавад. Айнан ҳамин чиз ба фаъолияти харобкоронаи ифротгароён, аз ҷумла ифротгароёни динӣ дахл дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд кордонӣ, қатъият ва поквиҷдонӣ нишон диҳанд.

Мавзӯи нигаронии ҷиддии тамоми ҷомеа ин садамаҳои нақлиётӣ мебошад. Аз аввали сол то ин дам дар натиҷаи фалокатҳои роҳ бештар аз 1300 кас ҳалок гардида, зиёда аз 16 ҳазор кас захмдор шудааст. Амалан, ҳар рӯз дар роҳҳо одамон, баъзан тамоми оилаҳо мемиранд.

Бехатарии роҳро тавассути такмил додани инфрасохтори нақлиёти роҳ ва ҷорӣ намудани низомҳои зеҳнӣ таъмин кардан мумкин аст. Ин на танҳо ба роҳҳои маҳаллӣ, балки ба роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ҳам дахл дорад. Шуъбаи дахлдор бояд назорати дурусти ҳолати техникии мошинҳоро таъмин намояд.

Ба касе махфӣ нест, ки дараҷаи тайёрии худи ронандагон дар мактабҳо бе омодагии зарурӣ шаҳодатнома мегиранд. Ман аз ҳукумат, ҳокимон ва Вазорати корҳои дохилӣ иқдомоти қатъитарро интизорам. Ин мушкил бояд дар маркази таваҷҷуҳи вакилони мардумӣ бошад.

Риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар артиш аҳамияти аввалиндараҷаро дорост, ки ба он ҷо ҷавонон барои адои қарзи худ дар назди Ватан мераванд. Барои он ки сарбозон вазифаҳои худро дуруст иҷро кунанд, аввалан дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ интизоми оҳанинро таъмин кардан лозим аст.

Волидон фарзандони худро ба давлат бовар карда супурдаанд, аз ин рӯ, барои саломатӣ ва бехатарии онҳо маҳз роҳбарияти артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулияти махсус доранд.

Вазифаи дигари муҳим мубориза ба муқобили нашъамандӣ мебошад. Аслан, ин масъалаи ҳифзи генофонди миллат аст.

Мо аллакай чораҳои зарурии қонунгузориро андешидем. Аммо то ҳол ягон натиҷаи мушаххас ба назар нарасидааст. Гуфтан мумкин нест, ки мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ самаранок кор мекунанд. Мушкили маводи мухаддир бадтар мешавад.

Мо бояд ҷомеаеро созем, ки ба қонуну тартибот, дониш ва амалгароӣ асос ёфтааст. Калиди муваффақияти миллат дар фарҳангу ҳамбастагӣ ва эҷодкории шаҳрвандон, махсусан ҷавонон аст. Барои кишвари мутамаддин шудан мо бояд аз рафтори харобиовар даст кашем.

Ман дар ин хусус дар ҷаласаи Қурултойи миллӣ сухан ронда, панҷ бадии иҷтимоиро мисол овардам, ки ба ояндаи кишварамон таҳдид мекунанд. Дар ин муддат баъзе корҳо иҷро шуданд. Барои ҷилавгирӣ аз вандализм ва гирифторӣ ба бозӣ қонунҳо қабул шуданд ва ба истилоҳ вейпҳо манъ карда шуданд. Тадбирҳои андешидашуда аллакай натиҷаҳо бахшида истодаанд. Дар мубориза ба муқобили иллатҳои иҷтимоӣ мо бояд ҷидду ҷаҳди тамоми ҷомеаро муттаҳид созем.

Хусусиятҳои фарқкунандаи хислатҳои миллии мо ҳамеша ошкорбаёнӣ ва таҳаммулпазирӣ буд. Аз бисёр ҷиҳат, маҳз ҳамин сифатҳо, ваҳдату ҳамбастагӣ – арзишҳои асосии мардуми мост.

Дар Қазоқистон дар ҳеч асос, на забонӣ, на динӣ, на қавмӣ ва на иҷтимоӣ зулм вуҷуд надорад ва буда ҳам наметавонад. Ҳодисаҳои алоҳида ва иғвогарӣ, албатта, рӯй медиҳанд, вале аз сабаби бемасъулиятӣ ва нодонии баъзе шаҳрвандон ба амал меоянд, ин гуна далелҳо мувофиқи қонун аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рафъ карда мешаванд ва хоҳанд шуд.

Дар баробари ин, ба касе пӯшида нест, ки афроди маъруфи шуғл, аз ҷумла афроди аз хориҷи кишвар амалкунанда талош доранд, афкори ҷомеаро таҳрик дода, алайҳи кишвари мо ҳамлаҳои беасос анҷом диҳанд. Ҳамаи ин кӯшишҳои хуб маблағгузоришуда барои коштани низоъ дар Қазоқистон маҳкум ба нокомӣ аст, зеро мо на дар сатҳи иҷтимоӣ ва на сиёсӣ ягон «фобия» надоштем, надорем ва нахоҳем дошт. Мо минбаъд низ бунёди ҷомеаи созанда, адлпарвар ва устуворро идома хоҳем дод.

Мо миллати пешқадам ҳастем ва аз ин рӯ бояд боз ҳам бештар ва васеътар назар кунем, аз ҳама гуна игвогарӣ болотар бошем, намунаҳои воқеии оқилиро нишон дода, ба қувваи қонун такя кунем.

Ман аллакай гуфтам: наметавон пайваста ба қафо нигариста, гунаҳкоронро ҷустуҷӯ кард, хоҳ он низом бошад, хоҳ шахсиятҳои алоҳидаи сиёсӣ. Бояд таърихи худро донисту омӯхт, аммо дар он сабабҳои ноумедӣ ва кинаро набояд ҷуст. Аз рӯйдодҳои гузашта, агар фоҷиабор бошанд ҳам, сабақҳои муфид бояд гирифт. Бо некбинӣ бояд  ба пеш нигарист, дар бораи пешравӣ ва рушди кишварамон фикр бояд кард.

Бинобар ин такрор мекунам: дар ҷомеаи мо бояд қонуну тартибот ҳукмфармо бошад. Ин шарти асосии таъмини амнияти ҷомеавӣ ва шахсӣ мебошад. Танҳо бо ҳамин роҳ мо Қазоқистони адолатпарвар, пок ва бехатарро бунёд мекунем. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи стратегӣ зарур аст, ки шароити мусоиди беруна барои рушди осоишта ва устувори кишвар фароҳам оварда шавад. Ин вазифаи дипломатия аст, ки дар воқеияти кунунии мураккаби геополитикӣ бояд дар сатҳи баланди касбӣ бошад.

Қазоқистон сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозинро қатъиян риоя мекунад. Вазифаҳои асосии дипломатияи мо таҳкими соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлат, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, пешбурди манфиатҳои миллӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёт боқӣ мемонад.

Қазоқистон ҷонибдории худро ба ҳамкориҳои густурдаи бисёрҷониба мувофиқи қатъии Оинномаи СММ ба таври боварибахш нишон медиҳад. Кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои амнияту суботи байналмилалӣ нақши фаъолона дорад. Мо саъю талошҳои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалиро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар таҳдидҳо дастгирӣ намуда, аз фаъолиятҳои сулҳпарваронаи СММ, ташаббусҳои халъи силоҳ ва ҷонибдорӣ аз ҳалли низоъҳои мусаллаҳона тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳастем.

Таҳти раёсати Қазоқистон дар Остона чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла нишастҳои сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои туркӣ баргузор шуданд. Мо аз ҳампаймонон ва шариконамон барои дастгириашон миннатдорем.

 

Ҳамватанони азиз!

 

Шумо мебинед, ки имрӯз дар ҷаҳон чӣ дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал меоянд. Дар шароити иқтисодӣ, сиёсӣ, иқлимӣ ва дигар чолишҳои миқёси ҷаҳониву минтақавӣ мо бояд дар як вақт шумораи зиёди вазифаҳои ҷорӣ ва стратегиро ҳал намоем. Табиист, ки барои ҳама чиз захираҳо намерасанд ва касе натиҷаҳои фавриро ваъда намедиҳад. Дар давоми солҳо дар кишвар бисёр мушкилот ба миён омадааст. Мо чизеро пинҳон накарда, ҳама чизро ошкоро, тавре, ки ҳаст, мегӯем. Ва ҳар қадар душвор бошад ҳам, мо ҳамаи масъалаҳоро мақсаднок ва мунтазам ҳал мекунем. Дар пеш кори бисёре истодааст.

Таъмини пешрафти устувори иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамаҷониба ошкор намудани нерӯи эҷодии шаҳрвандон, болобарии воқеии некуаҳволии мардум вазифаҳои асосии давлат мебошанд.

Ғояе, ки бояд аъзои Ҳукумат, ҳокимон, вакилон ва тамоми ҷомеаро ҳидоят кунад, ватандӯстӣ аст. Ҳар як иқдоми мо бояд дар пояи ормонҳои созанда бошад, бо ҳар як амал мо бояд дар пешрафти кишвар саҳм гузорем. Бо истифода аз захираҳо, заҳмат кашидан ва пардохти андоз, харидани моли ватанӣ, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои гуногун, мо иқтидори давлатамонро мустаҳкам мекунем, яъне ба Ватан ва оилаамон нафъ мебахшем.

Мо бояд мушкилотеро, ки дар назди мо истодаанд, ба ноумедиву бепарвоӣ наафтида, ба таври амалӣ ва собитқадамона ҳал кунем. На танҳо некуаҳволии мардум, балки тақдири таърихии кишвар дар ин давраи душвор низ ба ҳамин вобаста аст.

Мо дурнамои равшани дарозмуддати рушди давлатамонро дар ихтиёрдорем. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои баланд мо бояд ваҳдатро нигоҳ дорем, ба ҳамдигар дастгирӣ ва эҳтиром зоҳир кунем.

Ба шарофати ваҳдат мардуми мо ҳамеша душвориҳои гуногунро бошарафона паси сар мекард. Минбаъд ҳам ҳамин тавр хоҳад шуд. Биёед, якҷоя Ватани худро ба давлати адолатпарвар ва пешрафта табдил диҳем, ки дар он ҳар кас метавонад даъвати худро ёбад ва орзуҳои худро амалӣ созад.